​Озмун: Эссеи беҳтарин бахшида ба 90-солагии донишгоҳ

Бахшида ба 90-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар факултети филологияи рус миёни донишҷӯёни факултет озмуни эссеи беҳтарин дар мавзуи “Донишгоҳи ман” ва “Факултети ман”гузаронида шуд.

Дар озмун донишҷӯён аз тамоми курсҳо ширкат варзиданд. Иттилоъ дода шуд, ки озмун аз ду давр иборат буда, беҳтаринҳо ба даври дуюм роҳ хоҳанд ёфт.

Мавзуи даври дуюми эссеи беҳтарин ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравии садорати факултет қадр хоҳанд шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ