Озмун барои дарёфти стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 8-уми сентябри соли 2023 дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муқаррар намудани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори хурди раёсати донишгоҳ озмун баргузор гардид. Дар озмун 20 нафар довталаби ихтисосҳои гуногуни донишгоҳ, китибқи «Низомномаи таъин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нақша ва барномаҳои таълимиро бо натиҷаҳои баланд ҷамъбаст намудаанд, дар маҳфилҳои фаннӣ, таҳқиқоти илмӣ - инноватсионӣ, чорабиниҳои таълимӣ, илмӣ ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд, ширкат варзиданд.

Ҳайати комиссияи озмун аз раёсатҳои таълим, илм ва инноватсия, тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ, донишҳои тахассусӣ, илмӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, сатҳи донистани забонҳои хориҷии довталабонро мавриди таҳлил қарор доданд. Дар натиҷа, 6 нафар беҳтарин донишҷӯ тибқи нақшаи тақсимоти аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида, барои шарафёб шудан ба стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ