Озмун: Ҳафтаи забони англисӣ

Аз санаи 1-ум то 8-уми ноябри соли равон дар факултети забонҳои шарқ “Ҳафтаи забони англисӣ” баргузор мегардад. Декани факултет дотсент Ислом Раҳимов ва мудири кафедраи забони англисӣ, дотсент Рашидова Д. эълон намуда, шартҳои баргузории озмунҳои ҳафтаро ба донишҷӯён шарҳу тавзеҳ доданд. Тибқи низомнома озмун аз бозиҳо бо забони англисӣ, Discussion Club, озмуни шеърхонӣ бо забони англисӣ, дурахши афкори Фаранг, рақсу суруд бо забони англисӣ, ҳуруфчини беҳтарини компютерӣ (бо ҳуруфи англисӣ), сайёҳони забондон, зарбулмасалдон ва мақолдони беҳтарин ба забони англисӣ, саҳнача ва миниатюраҳо бо забони англисӣ, китобхони беҳтарин ва ва газетаи деворӣ ва муаррифии беҳтарин иборат мебошад.


Маркакзи иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ