Осори Пешвои миллат - инъикоскунандаи худшиносии миллӣ

Тақдир ва сарнавишти ҳар миллату давлат ҳамбастагӣ ба роҳбарону сарварони онҳо дорад. Яъне роҳбар, сарвар ва пешво метавонад дар масири таърих сарнавишти давлат, миллат ва халқияти худро муайяну мушаххас намояд, мавқею ҷойгоҳи онро дар ҷаҳони пуртаззод мустаҳкаму пойдор созад ва таъриху тамаддун, арзишҳои моддиву маънавии халқу миллаташро дар умқи саҳифаҳои таърих сабт кунонад, ки аз тӯфону ҳаводиси пурфоҷеаи даврон дар амон монда, ҷовидона гардад. Хушбахтона миллати тоҷдору куҳанбунёд ва куҳанфарҳанги тоҷикро фарзонафарзанд ва абармардеба номи Эмомалӣ Раҳмон насиб гаштааст, ки тамоми сифатҳои болоро дорост.

Маҳз чунин фарзонафарзанд – Пешвои миллат бо хираду дониш, иродаву матонат, дурандешиву мулоҳизакорӣ, ҷасорату далерӣ ва меҳанпарастиву миллатдӯстӣ тавонистанд давлати тоҷиконро аз нав бунёд сохта, миллати қариб маҳвгаштаву ба нобудӣ кашидашударо аз хокистару хун раҳонанд, фарҳангу тамаддуни тоҷиконаро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, ба бузургтарин дастовардҳо ноил гарданд ва сарнавишти халқи тоҷикро ҳамчун миллати аҷдодиву тамаддунсоз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян созанд.

Талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат аст, ки мардуми тоҷик ва дигар шаҳрвандони кишвар новобаста аз мансубияти динию мазҳабӣ ва қавмиву миллиашон зери сояи Пешвои мо таҳти сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии кишвар озодона, хушу хуррам ва тинҷу осуда зиндагӣ карда истодаанд.

Ҳамзамон, дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистони азиз ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ талошҳои мӯҳтарамЭмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва саривақтианд. Эшон борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид сузанрони намуда, дар баробари мушкилоти Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон, масъалаҳои мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон, масъалаи таъминоти оби тоза ҷалб кардаанд. Маҳз бо пешниҳоду ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-юмро "Соли байналмилалии оби тоза", солҳои 2005-2015-умро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ва солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалииамал "Об барои рушди устувор" эълон кард, ки айни ҳол аксари чорабиниҳои ҷаҳонию минтақавии вобаста ба об дар чаҳорчӯбаи ҳамин даҳсола гузаронида мешаванд. Бе шубҳа метавон қайд намуд, ки ин иқдомҳои беназир боиси ифтихору сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони беҳамтост.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз шахсиятҳои бузургу беназири сиёсие мебошанд, ки бо хизмати шоиста дар роҳи давлатсозӣ, густариши фарҳангу тамаддуни халқамон хизматҳои арзанда карда, маҳбуби мардуми диёр ва Пешвои асили миллат гардидаанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамон фарзанди ҷонфидову ҷасури миллат мебошанд, ки дар муқобили ҳамаи ҳадафҳои нопок чун як сипари миллат қорор гирифтанду халқро дар атрофи худ сарҷамъ намуданд ва Тоҷикистони азизро обод сохтанд.

Эмомалӣ Раҳмон борҳо хусусияти демократӣ ва башардӯстии афкори сиёсии худро эълон намуда, чунин навиштаанд: «Мо ба ягон кас модели демократияи худро бор намекунем, ки решаҳои худро дошта, бо системаи дунявӣ ҷомеа асос ёфтааст. Лекин мо ва ин ҳуқуқи демократии мост, ки моделҳои таҳмилшавандаи дигаргунсозии давлати худро қабул надорем, ки метавонанд вазъиятро дар кишвар ноором гардонида, ба ҷудоандозӣ, бӯҳрони сиёсӣ, аз даст рафтани истиқлолият оварда расонанд.

Бузургтарин дастоварди замони соҳибистиқлолии кишвар ин ба даст овардани Ваҳдати миллӣ мебошад, ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ноил шудан ба он дар як давраи сангин ба минтақаҳои хатарнок сафар намуда, бо мухолифин гуфтушунидҳо ва музокироти судманд анҷом доданд. Пешвои муаззами тоҷиконбарои ба даст овардани ваҳдати комили миллӣ ҷавонии хешро фидо карданд, то ҷавонони миллат саодатманду хушбахт бошанд. Маҳз хидматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз як кишвари ба пораҳо тақсимшуда Тоҷикистони ягона бунёд гардида, халқи шарифи он дар партави як сиёсат бо ҳам омаданд ва пуштибониро аз сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфтанд.

Пешвои миллат дар зарфи 31 соли соҳибистиқлолӣ шароити хубу арзандаро барои мардуми шарафманди тоҷик муҳайё сохтанд ва ҳамин аст, ки имрӯз шаҳрвандони кишвар бо шукргузорӣ аз оромиву осудагӣ ва тинҷию амонӣ дар фазои ваҳдату якдилӣ умр ба сар бурда, баҳри пешрафти босуботи ояндаи кишвар азму талош мекунанд. Истиқлолияти давлатӣ имконият фароҳам овард, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус ҷавонони ояндасози миллат бо ташаббусҳои созанда баҳри пешрафти Ватани азизамон саҳми босазо гузоранд.

Маҳз Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як ҷавон имконият фароҳам овард, то аз фарҳанги гузаштаи хеш ҳимоят карда тавонанд. Ҷавонони бо нангу ори кишвар бо ташаббусҳои созанда ва иқдомҳои наҷиб ба боварии Пешвои муаззами миллати тоҷик сазовор гардида, имрӯзҳо дар пешрафти Ватани азизамон саҳми босазо гузошта истодаанд.

Дар остонаи таҷлили ҷашни бошукӯҳи миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ муждае расид ва тоҷикистониёнро бори дигар хушҳол гардонид, ки Пешвои муаззами миллати тоҷик, фарзонафарзандимиллат, абармарди дунёи сиёсат, Сарвари давлати мо – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин мукофоти олии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ — «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» сарафроз гардиданд.

Қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар бораи ба Пешвои муаззами миллати тоҷик, сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ сазовор донистани мукофоти аввалини сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ воқеан ҳам нишони арҷгузорӣ ва қадрдонӣ аз хизматҳои шоистаи ин чеҳраи барҷастаи сиёсӣ, инсоне, ки имрӯз на танҳо дар ҳалли мушкилоти кишвари худ, балки дар ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимму мушкили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ талош меварзад, садо баланд мекунад, махсусан, дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, баланд бардоштанимаданияти ҳамсоягӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ ҷидду ҷаҳд менамояд, арзёбӣ мешавад.

Маҳз талошу кӯшиҳои пайдарпайи Сарвари давлат дар заминаи эҳёи таърихи миллӣ буд, ки нақша ва тарҳи таҷлили бошукӯҳи ҷашни 1100-солагии давлатдории Сомониён таҳия гардида, ҷиҳати амалӣ гардидани он барномарезиҳои ҷиддии давлатӣ ва ҳукуматӣ анҷом пазируфт. Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини раҳбарӣ ҷиҳати тақвияти ҳофизаи таърихии миллат ва устувору пойдор сохтани пояҳои давлатдории миллӣ камари ҳиммат барбастанд. Донистани таърихи миллат ва касби донишҳои таърихӣ, ки дар ташаккули ҳувият ва пурқувват шудани рӯҳияи миллӣ нақши муассир доранд, дар меҳвари кори Сарвари давлат қарор гирифт. Ин буд, ки дар арафаи ҷашни 1100-солагии давлатдории Сомониён ва бо мақсади таҳкими раванди худшиносию худогоҳӣ Сарвари давлат китоби ҷудогонаеро таҳти унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» таълиф намуданд. Аслан, эҳсоси миллатпарастӣ, ҳувиятшиносӣ ва ҳувиятсозӣ, ки аз донистани таърихи миллӣ шурӯъ мешавад. Чунин ҳиссиёт сарвари давлатро бар он водошт, ки дар заминаи таърихи бумӣ ва мероси арзишманди аҷдодӣ чандин китоб ба чоп расонанд. Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон пурсиши нахустинро, ки миллатро ба ҳувиятшиносӣ ва пурсишгарии аҷдодӣ ҳидоят мекунад, дар пешгуфтори китоби «Тоҷикон дар ойинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” чунин матраҳ месозанд: «Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахзустаҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омаданд ва дар кадом бум ошён доштанд?».

Эмомалӣ Раҳмон вазъи рӯҳию равонӣ, фикрию сиёсӣ ва ахлоқию ҳувиятии мардуми мусибатзадаи тоҷикро, ки даҳшату ваҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, дақиқ ба мушоҳида гирифта, ба хулосае меоянд, ки тағйир додани зеҳн, бозсозии фикрӣ ва таъмири тафаккури миллӣ тавассути забону фарҳанг вадонишҳои таърихӣ, ки дар бойгонии мероси аҷдодӣ нуҳуфтаанд, имконпазир мебошад. Ба назари Сарвари давлат, «ифтихори миллӣ аз донистани таърих, забон ва фарҳанги миллат оғоз меёбад».

Ҳамин тавр, ҳамчун сиёсатмадори даврони муосир, эҳёгари тамаддуни миллӣ, дустдори халқу миллати куҳанбунёд, донандаи таърихи тамаддуни аҷдодӣ, дороихусусияти ташаббускорӣ дар ҷодаи ҳалли муаммоҳои муосири глобалӣ ва тарғибгари идеяву ғояҳои созанда – Пешвои муаззами миллати тоҷик, сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣмӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байни сарони давлатҳои ҷаҳон дорои мақому манзалати беҳамто буда, ташаккулу пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон- Тоҷикистон тамоми нерӯ ва кушиши худро равона менамоянд.

Мудири кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ, дотсент Ибрагимова Р. А.,

дотсенти кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ, дотсент Усмонова М. Э.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ