Онлайн-конференсия: ​Таҳкими равобити байналмилалӣ

Дар толори хурди донишгоҳ бо Донишгоҳи давлатии Барановическии Белорусия онлайн-конференсия доир гардид. Дар кори конференсия муовини ректор оид таълим д.и.п., профессор Абдуллоева Меҳринисо, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, н.и.ф., дотсент Давлатзода Рухсора, сардори раёсати таълим, кормандонишуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва деканони факултетҳои донишгоҳ иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз Донишгоҳи давлатии Барановическии Белорусия Климук Владимир Владимирович муовини якум, Ритвинская Евгения Михайловна муовини ректор оид ба корҳои таълим ва мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Ҳадафи асоси вохӯрӣ татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ аз рӯи ихтисосҳои «Таҳсилоти ибтидоӣ», «Таълими томактабӣ», «Системаҳои иттилоотӣ ва технологияҳо», «Забонҳои муосири хориҷӣ», «Таълими филологӣ» дар зинаи бакалавриат, инчунин фаро гирифтани хатмкунандагон дар зинаи магистрии донишгоҳи ҳамкор унвон мешавад.

Муовини аввали Донишгоҳи давлатии Барановическии Белорусия Климук Владимир Владимирович ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Давлатзода Рухсора дар мавриди таҳкими равобити ҷонибҳо ибрози назар намуда, аз нақшаву ҳадафҳо ҷиҳати таъмини рушди равобити байналмилалии донишгоҳ таъкид намуданд.

Муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Абдуллоева Меҳринисо дар мавриди густариши ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои Белорусия таъкид намуда, зикр намуд, ки донишгоҳ омодааст, ки аз рӯйи тамоми равандҳои фаъолият, бахусус раванди илмиву таълимӣ равобит намуда, ҷиҳати ташкили конференсияву симпозиумҳо, семинарҳои омӯзишиву курсҳои такмили ихтисоси муштарак аз тамоми имконият истифода барад.

Мубодилаи таҷрибаи омӯзгорон, муҳаққиқону коромӯзон масъалаи дигари муҳими вохӯрӣ буд, ки ҷонибҳо перомуни он муҳокима намуданд.

Масъулин ба тафоҳум расиданд, ки давоми ду ҳафтаи оянда нақшаи ҳамкориҳои минбаъдаро таҳия намуда, дар доираи он равобити байналмилалии судмандро ба роҳ монанд.

Хотиррасон менамоем, ки феълан Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо 124 донишгоҳу ташкилот, созмону сафортахона ва маркази илмиву таълимии байналмилалӣ дар доираи шартномаҳои дутарафа ҳамкории байналмилалии судмандро ба роҳ мондааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ