​Омӯзиши забонҳои русиву англисӣ имконоти насли наврасро бештар мекунад

Дар факултети филологияи рус дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикиистон барои солҳои 2019-2030” ва бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Мавқеи забони русӣ дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омўзиши он” бо ҷалби устодону донишҷӯён конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Кори конференсияро декани факултети филологияи рус, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Рано Шаропова оғоз намуда, қайд кард, ки омӯзиши забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо ва англисӣ, ки паҳншудатарин дар ҷаҳон аст, имконоти насли наврасро бештар мекунаду барои амалисозии зарфиятҳо дар бахшҳои гуногун мусоидат менамояд.

Сипас тибқи барнома дотсент Муаззам Камолова дар мавзӯӣ “Использование инновационных технологий в вузе”, дотсент Отуной Мавлонбердиева дар мавзӯи “Значение лексико-синтаксической сочетаемости слова”, Гулчеҳора Юнусова дар мавзӯи “О стиле, методе и историзме в художественной литературе (на примере произведений А.С.Пушкина)” дотсент Мадина Искандарова дар мавзӯи “Актуальные проблемы филологических наук и методики их преподавания в вузе” ва дотсент Матлюбахон Мирзохонова дар мавзӯи “Современные педагогические технологии в обучении русскому языку как иностранному” маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Дар баромадҳо қайд гардид, ки сатҳи таълиму олмӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, сатҳи маълумоти умумию тахассусӣ вобаста буда, барои рушди минбаъдаи шаҳрвандон дар соҳаҳои гуногун омили муҳим мебошад.

Ҳамчунин зикр шуд, ки тариқи омӯзиши забонҳои русию англисӣ ҷавонон бо фарҳангу адабиёти ин миллатҳо шинос мешаванд.

Пас аз баррасии ҷаласаи ифтитоҳӣ конференсия кори худро дар панҷ бахш идома бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ