​Омӯзиши сарнавишти халқи тоҷик

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҳафтаи илм маҳфили илмии кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ таҳти унвони «Сиёсат ва ҷомеа» баргузор гардид.

Мудири кафедра номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Холдоров Ойбек маҳфилро ифтитоҳ бахшида, бо рӯзнома аҳли нишастро шинос намуд. Маърӯзаи сармуаллимон Абдуллоева таҳти унвони «Бобоҷон Ғафуров – олим, сиёсатшинос ва ходими бузурги давлатӣ», Комилова Зилола дар мавзуи «Заминаҳои таърихии таълифи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров» ва Исмоилова Машҳура оид ба «Инъикоси таъсисёбии давлати Сомониён аз нигоҳи аллома Бобоҷон Ғафуров» шунида шуд.

Баъди шунидани маърӯзаҳо бахши мубоҳиса ташкил гардид, ки дар он фаъолнокии кулли иштирокчиён ба назар расид. Дар ҷараёни муҳокима таъкид шуд, ки донишманди нексиришт Бобоҷон Ғафуров тавассути ин шоҳасари хеш тоҷиконро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати бостониву тамаддунофар ва ватандӯсту илмпарвар муаррифӣ намудааст.

Мудири кафедра Холдоров Ойбек иброз дошт, ки саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ аст ва бояд ҷавононро ба омӯзиши ин асари безавол ҳамчун унсури асосии дарси садоқат ва меҳанпарастӣ даъват намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар идомаи ин ташаббус, инчунин дар гурӯҳҳои академикии факултетҳои донишгоҳ аз ҷониби омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ самтҳои асосии Паёми саодатофари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Устодони кафедра дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ, санъати тасвирӣ ва технология, математика, биология ва химия, физикаю техника нуктаҳои муҳими Паёми Роҳбари олии мамлакатро шарҳ доданд.

Ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани дониши сиёсӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандории донишҷӯён унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ