Омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар факултети забонҳои хориҷӣ дар мавзўи «Омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар гузаронида шуд.

Дар доираи ин ташаббус аз ҷониби донишҷӯён як қатор маърӯзаҳо шунида шуд.

Донишҷӯ Абдулазизова Азиза оид ба нақши Паёми Пешвои миллат дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат маърӯза намуд.

Таъкид гардид, ки Пешвои миллат дар ҳар Паём оид ба пешрафту ободии Ватан ва дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи муайян пайдо намудани Тоҷикистон, яъне оид ба сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат ҳарф мезананд. То имрӯз 23 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шудааст.

Гуфта шуд, ки имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 180 мамлакати дунё робитаҳои дипломатӣ барқарор намудааст, ки дастоварди бузурги замони истиқлол мебошад. Тоҷикистон аъзои якчанд созмонҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғайраҳо мебошад.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ донишҷӯён Ҳасанова Меҳрона ва Ҳалимова Нигина бо истифода аз муаррифӣ маърӯза намуданд.

Мизи мудаввар бо табодули афкор миёни донишҷӯён ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ