​Омӯзиши алифбои паҳлавӣ

Бо ташаббуси кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷик бахшида ба “Ҳафтаи илм” дарси “омӯзиши алифбои паҳлавӣ” аз ҷониби профессори кафедра Аабҷумаол Ҳасанзода бо иштироки васеи устодон ва докторантони баргузор гардид.

Профессор Абдуҷамол Ҳасанзода доир ба хусусиятҳои овоии алифбои паҳлавӣ, лигатураҳо ва нозукиҳои он муфассал маълумот доданд.

Ҳамчунин дар кафедраи забони тоҷикӣ дар ҳамин рӯз семинари илмию назариявии кафедра баргузор гардид, ки дар он дотсенти кафедра Салоҳиддин Ӯзбеков дар мавзӯи “Вожаҳои лаҳҷавии марбут ба исм дар насри Баҳманёр” ва дотсент Шуҳрат Раҳматов таҳти унвони “Мулоҳизаҳо оид ба вожаҳои ифодакунандаи номи ҳайвонот дар осори Сорбон” гузориш намуданд. Баъди гузориш профессори кафедра устод Абдуҷамол Ҳасанзода доир ба муҳтавои гузоришҳо ибрози андеша намуда, мавзуҳо муҳокима гардиданд..

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ