​Омўзиши 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ дар факултети филологияи рус ҷиҳати омўзиши 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ мизи муддавар доир гардид.

Дар доираи ин иқдом зарурияти омӯзиши вожаҳои мавриди назар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам аз зарурият ва аҳамияти забондонӣ таъкид дошта, дар мавриди арҷ гузоштан ва эҳтиром ба забони тоҷикӣ пайваста ибрози назар мекунанд.

Гуфта шуд, ки имрўз дар шароити рушди босуръати илму техникаи муосир қудрати забонҳо боз ҳам афзун гашта, бо истифода аз ҳар як фурсати муносиб омўзиши забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисиро бояд ҳадаф қарор дода, ҳамқадами замона бошем.

Бо шарҳи вожаҳои серистеъмол мизи мудаввар ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ