Омилҳои пешгирии терроризму экстремизм дар байни ҷавонон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромаду суханрониҳо зимни мулоқот бо қишрҳои гуногуни ҷомеа ва инчунини Паёмҳои ҳарсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ва рушди давлати миллӣ дар фазои осоишта дар бораи пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон, ба ҳаракатҳои ифротгарою террористӣ ва мазҳабу ривияҳои бегона таъкид месозанд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархӯрди мамаддунҳова иттилоотонии сартосар, ки дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳар як шаҳрванд даст додааст, бархӯрди тамаддунҳо ногузир аст. Дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ алалхусус ба қишри ҷавони ҷомеа, ки бо технологияҳои иттилоотии муосир бештар сарукор дорад хубтар даст додааст. Мутобиқи нишондодҳои оморӣ беш аз 70%-и аҳолии Тоҷикистонро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳанд. Аз ин бармеояд, ки ҷомеаи асосии Тоҷикистонро ҳамин қишри фаъол, созанда ва пуркору серҳаракат ташкил медиҳад. Дар баробари ин таърих собит намудааст, ки қишри ҷавони ҷомеа то андозае таъсирпазир буда ҳам метавонад, ва яке аз мушкилоти умдаи имрӯза тамоюл ва гароиши ҳамин қисми асосии мамлакат – ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоист.
Яке аз чунин ҳаракатҳои ифротгарои дар заминаи эътиқодҳои динӣ амалкунанда, ки дар ҷаҳони муосир имрӯз ҳамчун равияи экстремистӣ, террористӣ ва тундрав шинохта шудааст “Давлати исломӣ” аст, ки имрӯз фаъолияташ аз ҷониби як гурӯҳи хоҷагони хориҷӣ маблағгузорӣ гардида, ба кишварҳои тозаистиқлоли Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ ба бор овардааст. Хавфи асосие, ки аз ин равияи тундгаро сар задааст вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеа мебошад, ки мо мисолашро аллакай дар Сурия ва Ироқ дидаем. Имрӯз, мутаассифона ин равияи тундгаро маркази фаъолияти хешро ба Ҷумҳурии Афғонистон кӯчонида, дар баробари ноором сохтани суботи сиёсии ин кишвари ҷангзада, бо ҳама гуна роҳу василаҳои имконпазири иттилоотӣ ба мағзшӯии мардум, алалхусус, ҷавонони кишварҳои ҳамсоя даст задаанд. Ногуфта намонад, ки дар роҳи барҳам задани суботу осоиш ва истиқлолияти сиёсиву иқтисодии мо хоҷагони абарқудрати “Давлати исломӣ”аз хизмати таҷҳизотҳои муосиртарин ва равоншиносони касбӣ истифода мебаранд ва ин таъсири маргбори худро дорад. Омили дини – мазҳабӣ эҷодкунандаи фазои мусоид барои ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба фаъолияти экстремистию террористӣ мебошад. Душвории асоси сари он аст, ки бо тамоми воситаҳо пеши роҳи тарғибнамоӣ ва ҷалбнамоии ҷавонон ба фаъолияти экстремистӣ – террористӣ гирифта шавад. Дар ҷаҳони муосир тамоюлоти тақвиятёбии экстремизми динӣ баръало мушоҳида мешавад, ки қурбониҳою зиёди инсониӣ ва зарари калони моддӣ ба миён оварда истодааст. Дар дохили дини Ислом ҳаракатҳои зиёди таасубгаро ва экстремистӣ вуҷуд доранд, ки мақсади асосиашон мубориза бо пайравони дигар динҳои ҷаҳонӣ буда, дар саргаҳи идеология ва таълимоти экстремистии онҳо бунёди хилофати исломӣ қарор дорад. Ҷавонони гумроҳшуда намедонанд, ки худи ғояи бунёди “хилофати исломӣ” хобу хаёле беш нест, зеро дар марҳилаи муосири инкишофи ҷаҳон амалинашаванда аст. Бунёди “хилофати исломӣ”-ро ҷаҳони ислом, худи давлатҳои арабзабон ва миллатҳои дигаре дар ин ҳудуди бузург зиндагӣ мекунанд ҳаргиз намехоҳанд. Чунки ин тарҳи сиёсии хаёлӣ бо номи “хилофати исломӣ” ба ҳувият, худшиносӣ ва фарҳанги ин миллатҳо хатари бузург дорад. Дар тамоми давраи ҳастии инсон фарҳангу ахлоқи миллӣ ҷавҳари ҳастии ҳар як халқу миллат буда, мо бояд ин ҷавҳари ҳастии миллатро дар муборизаю пешгирии паҳншавии экстремизм ва терроризм истифода намоем.
Ғояҳои экстремистӣ махсусан таълимоти экстремистии ваҳҳобия байни ҷомеаи тоҷик баъди оғози марҳилаи бозсозӣ дар охири солҳои 80 – ум ба миён омада дар ҷанги шаҳрвандии ибтидои солҳои 90 – уми Тоҷикистон гурӯҳҳои динӣ – экстремистӣ як тарафи фаъол ва бераҳми моҷароро ташкил медоданд. Гарчанд, фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии он даврони даҳшатбор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври қонунӣ манъ карда шудаанд, вале, мутаасссифона, ҳаракатҳои экстремистии ваҳобия ва салафия дар ҷомеаи муосири тоҷик низ реша давонда ба таври пинҳонӣ амал намуда, ба бехатари ҷомеа ва давлати мо таҳдид менамояд. Намояндагони онҳо бо воситаи таъсирасонии равонӣ ҷавононро ба сафи гурӯҳояшон ҷалб менамоянд.
Яке аз сабабҳои ба гурӯҳҳои ифротию тунгарои исломӣ пайвастани ҷавонони тоҷик ба омилҳои иҷтимоию, иқтисодӣ, бекорӣ, фақр ва коррупсия вобаста мебошад.
Дигар омилҳое, ки ҷавонони тоҷикро туъмаи гурӯҳҳои ифротию тундгарои исломӣ мегардонад, ин дур будани ҷавонон аз маърифати дунявӣ ва исломӣ ё бесаводии динист.
Омили дигар дастрасии бемаҳдуд ба шабакаҳои иҷтимоӣ дар паҳнои Интернет аст. Мутаасссифона, муболиғони иттиҳодияҳои террористӣ паҳнои интернетиро ба беҳтарин усули таблиғи ҷавонон табдил додаанд ва беҳтарин ҷавононро низ метавонанд мағзшӯиву ба сӯи хеш майл созанд.
Омили сеюм тақлид аз расму русуми бегона, надонистани фарҳанги волои ниёгонамон аст, ки боиси таассуф аст.
Сабабу омилҳои гароиши бо суръати бархе аз ҷавонон ба ин ҷараён зиёд аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тайи солҳои гузашта паст будани сатҳи огоҳии ҷавонони мусулмон аз мазмун ва моҳияти дини мубини ислом коҳиши асосҳои ахлоқӣ, бештар шудани тафовут ва сатҳи зиндагии қишрҳои ҷомеа, талош барои ҷустуҷӯи адолати иҷтимоӣ, аз ҷумла омилҳои рушди ин раванд будааст.
Тарафи дигари масъала он аст, ки муҳоҷирати зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ боиси афзоиши шумораи фарзандони дур аз назорат шудааст, ки дар оянда эҳтимоли зиёд шудани ҳиҷрат ва пайвастан ба гурӯҳҳои ифротиро бештар мекунанд.Коршиносон бар ин назаранд, ки доми террористҳо бештар ҷавонони муҳоҷир ва ё муҳассилини кишварҳои арабӣ ҷалб мешаванд. Аз тарафи дигар он ҷавононе, ки дар тули зиндагии худ шаҳрвандии Россияро гирифтаанд, метавонанд, озодона ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба Ироқу Сурия раванд.
Дар тамоми мулоқоту машварат ва паёмҳои Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои идеологӣ мавриди таҳлили алоҳида қарор гирифта, дар ин радиф як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими меъёрӣ-ҳуқуқӣ рӯи кор омадаанд. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллатамон аз минбарҳои сатҳи гуногун борҳо таъкид доштаанд, Тоҷикистон роҳи инкишофи дунявию демократиро интихоб намудааст. Ин роҳест, ки тамоми ҷомеаҳои мутамаддини ҷаҳон дар ҳамин роҳанд.
Дар хотима пешниҳод менамоям, ки барои паст кардани шиддати ифротгароӣ якчанд чорибиниҳо аз ҷониби масъулони сатҳҳои гуногун ба роҳ монда шаванд:
- мавриди омӯзиши доимӣ қарор додани маърӯзаву суханрониҳои Пешвои миллат байни ҷавонон;
- ба роҳ мондани омӯзиши асарҳои Пешвои миллат дар синфҳои болоии мактабу донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат;
- ҷалби ҷавонони фаъолу ватандӯст ба корҳои тарғиботӣ- фаҳмондадиҳӣ;
-баланд бардоштани нақши воситаҳои ахбори омма ва мунтазам ба роҳ мондани фаъолияти барномаҳои таҳлилӣ-сиёсӣ;
- ҷоннок намудани робитаи мақомоти масъули давлатӣ бо ҷавонон бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи солими ҳаёт ва тарбияи хештаншиносиву худогоҳӣ;
- ҷалби ҷавонони касбу кори гуногун дар суҳбатҳои рӯ ба рӯ бо аҳолӣ, гузаронидани ингуна чорабиниҳо дар ҳар кӯчаву гузару маҳалла;
- мавриди назорати махсуси ниҳодҳои қудративу дахлдори мамлакат қарор додани шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар ҳолати зарурат аз ҷониби ниҳодҳои қудративу давлат маҳдуд сохтани сайтҳое, ки барои гаравидани шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву эктремистӣ даъват меоранд;
- таъмини ташкили хизмати психологӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсил ва ҷалби равоншиносони касбӣ барои ин навъи фаъолият.
Чуноне, ки маълум аст, ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ ба зиддӣ давлати мо кор карда, мутаасил кӯшиш менамоянд, ки озодии мутлақ ба даст оранд, то ки ба ҳокимияти сиёсӣ ва сарчашмаҳои иқтисодӣ роҳ ёбанд. Мо шаҳрвандони ин кишвари биҳиштосо бояд пайваста ба он кӯшем, ки ба ин нияту амали нопоку ғаразноки душманони дохиливу берунӣ ва хоинони ватангадое чун Кабириву пайравонаш роҳ надиҳем.
Рабиев С.М.-дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров