​Омилҳои камолоти инсонӣ аз нигоҳи мутафаккирони Шарқ

Санаи 12 ноябри соли равон дар Донишгоҳи педагогии Тошканд ба номи Низомӣ конферонси байналмилалии дар мавзӯи "Муаммоҳои мубрами рушди тафаккури ҷавонон" ташкил ва баргузор гардид. Дотсент Фирӯза Қаюмова дар конференсия мазкур дар мавзӯи “Омилҳои камолоти инсонӣ аз нигоҳи мутафаккирони Шарқ” ба тариқи онлайнӣ маърӯза ироа намуд. Зимни баромад таъкид гардид, ки рӯҳияи инсон, омилҳои камолоти ӯ, марҳилаҳои худшиносиаш аз қадим дар мадди назари аҳли илму адаб қарор дошта, хусусан, аз масоили марказии эҷодиёти шуарои донишманди классикии тоҷику ӯзбек маҳсуб меёфт.

Дар конференсия масъалаҳои ахлоқи инсон, маънавият, ақл, заковат, фаросат, тарбияи нафс, меҳнат, покӣ ва марҳилаҳои худшиносӣ дар ашъори мутафаккирони классики тоҷику ӯзбек мавриди таҳлилу баррасии муҳаққиқон қарор гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ