​Ҷоми 90 солагӣ ҷамъбаст гардид

Бахшида ба 30 - солагии Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз 18-ум октябр то 1- уми ноябри соли равон мусобиқаи футболи хурд байни донишҷӯписарон барои дарёфти “Ҷоми 90-солагӣ” оғоз гардид.

Дар даври ниҳоии мусобиқа дастаҳои факултети филологияи рус ва факултети забонҳои хориҷӣ роҳ ёфта байни ҳам рақобат намуданд.

Рақобати миёни дастаҳои зикршуда хеле шавқовар ва шадид ҷараён гирифт, ки дар дақиқаҳои асосии вақти муқаррагардида ҳисоби бозӣ ду бар ду мусовӣ анҷом ёфт.

Довари марказӣ дар идома барои муайян намудани дастаи ғолиб ҷаримаҳои 11 метра (пенальти) таъйин намуд. Ва дар натиҷаи зарбаҳои пайдарпайи нишонрас факултети филологияи рус тавонист бо ҳисоби 6 бар 5 ба дастаи факултети забонҳои хориҷӣ ғолиб ояд ва “Ҷоми 90 солагӣ”-и донишгоҳро соҳиб гардад.

Ҳаминтариқ ҷои дуюм сазовори дастатаи факултети забонҳои хориҷӣ ва зинаи сеюмро дастаҳои факултети иқтисодӣ ва математика соҳиб гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки ки иқдоми мазкур бо мақсади оммавигардонии варзиш, баланд бардоштани сатҳи маҳорати варзишӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим ва сазовор таҷлил намудани 90 солагии донишгоҳ роҳандозӣ шуда, дар он донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Макази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ