​Ҷомеаи инклюзив ва роҳи ҳалли мушкилотҳои ин самт

Баҳри тарғиб ва роҳнамоии донишҷӯён ба касби олигофренопедагог дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ, аз ҷониби омӯзгори кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ, роҳбарии ташкилоти ҷамъиятии “Рангинкамон” Сабоат Ахмедова мастер-класс бо донишҷӯёни бахши якуми ихтисоси олигофренопедагогика. Таҳсилоти томактабӣ гузаронида шуд. Дар ҷараёни мастер-класс омӯзгор аз таҷрибаи худ ва фаъолият дар ташкилоти “Рангинкамон” сухан намуда, афзуд, ки дар амал фаҳмидани ҷомеаи инклюзивӣ ва роҳи ҳалли мушкилотҳои ин самт ба ҷамъияти мо хеле муҳим мебошад. Мақсади асосии мастер-класс низ дар оянда устувор намудани муҳаббат ба касби интихобкарда – омӯзгори муассисаҳои таълимӣ барои кӯдакони имконияти маҳдуддошта арзёбӣ шуд. Дар ҷараёни мастер-клас ҳамроҳии донишҷӯён якчанд бозиҳои нақшдор ташкил карда шуд, ки тавассути ин бозиҳо ба самъи ҳозирин баробарии мардум ва нигоҳи баробар дар ҷомеаи инклюзивӣ таъмин карданро расониданд.

Таъкид гардид, ки ҳар нафар мувофиқи қобилиятҳои худ дар ин ҷомеаи рангин саҳми худро гузошта метавонанд ва нақши мутахассис дар барпо намудани ҷомеаи инклюзивӣ муҳим ва арзишнок арзёби гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ