​Олимпиадаи фаннӣ дар факултети санъат

Тибқи фармоиши ректори донишгоҳ бо мақсади дарёфти донишҷўёни соҳибистеъдоду болаёқат дар факултети санъат миёни ихтисосҳои амалкунанда олимпиадаи фаннӣ доир шуд.

Аз ҷумла, дар кафедраи санъати тасвирӣ ва маҳорати актёрии факултети санъат миёни донишҷуёни ихтисоси манзаранависии дастгоҳӣ ва ҳайкалтарошӣ даври якуми олимпиадаи фаннӣ баргузор гардид.

Донишҷўён вазифадор шуданд, ки аз рўи мавзўи «Тирамоҳ» дар жанри натюрморт ва пейзаж (манзараи тирамоҳӣ) дар ҳузури аъзои ҳакамон корҳои амалиро иҷро намоянд.

Миёни корҳои иҷрошуда мусаввараҳои Отабоева Маҳина (курси 4), Носирова Парвина (курси 3), Темуров Муҳаммадҷон (курси 1), Турсунбоева Нурҳаёт (курси 2), Абдурасулов Абдусаттор (курси 2) беҳтарин дониста шуд.

Инчунин, донишҷўёни ихтисоси ҳайкалтарошӣ Ёқубов Ғулом (курси 4) ва Зуҳуров Ҳусен (курси 3) вобаста ба мавзўи пешниҳодшуда ҳайкалҳои ҳаҷман хурдро офариданд.

Ғолибон ба даври дуюми олимпиада роҳ ёфтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ