​Олимпиада аз фанни географияи табиӣ

Даври дуюми олимпиадаи донишҷӯён аз фанни географияи табиӣ дар кафедраи географияи табии факултети геоэкология ва туризм баргузор гардид. Дар олимпиада 10 нафар донишҷӯёне, ки дар давраи якуми олимпиада ғолиб омада буданд, ширкат намуданд.

Ба иштирокчиён 15 саволномаҳои хаттӣаз фаннҳои таълимии “Геологияи умумӣ”, “Заминшиносии умумӣ” ва “Географияи табии Тоҷикистон” , “Харитакашӣ бо асосҳои топография” ва “Географияи табиӣ материкҳо ва уқёнусҳо” пешниҳод гардид.

Се нафар донишҷӯён, ки бали баландро соҳиб шуданд, ғолиб дониста шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ