​Олимпиада аз фанни “Экологияи умумӣ”

Дар кафедраи экология ва хифзи табиати факултети геоэкология ва туризм аз фанни "Экологияи умумӣ” олимпиада доир гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар олимпиадаи мазкур 20 нафар донишҷӯён иштирок намуда, аз ин шумора 5 нафар ғолиб дониста шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки олимпиадаи мазкур даври факултавӣ буда, ғолибон ба даври донишгоҳӣ роҳхат гирифтанд.

Хотиррасон менамоем, ки олимпиадаи мазкур анъанавӣ буда, ҳамасола ҷиҳати дарёфти ҷавонони соҳибмаърифат дар се давр – факултавӣ, донишгоҳӣ ва вилоятӣ баргузор мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ