​Олимпиада аз фанни барномасозӣ

Мувофиқи ҷадвали тасдиқгардидаи Раёсати донишгоҳ ҷиҳати дарёфти донишҷӯёни болаёқат даври якуми олимпиада аз фанни барномасозӣ байни донишҷӯёни факултети математика баргузор шуд. Олимпиадаи фаннӣ бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ба роҳ монда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар олимпиада 12 нафар донишҷӯёни факултет иштирок намуда, ба онҳо 5 масъала аз барномасозӣ бо забонҳои тоҷиқӣ ва русӣ пешниҳод шуд.

Гуфта мешавад, ки 7 нафар донишҷӯён ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ