Ҳолатҳои маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон
Бахшида ба 73-юмин солгарди қабули Эломияи ҳуқуқи башар дар кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих ва ҳуқуқ конфренсия баргузор гардид. Конфренсияро мудири кафедра, номзади илмҳои ҳуқуқ Мухторов Киромиддин ифтитоҳ бахшида, ҳадаф аз ташкили маҳфилро шарҳ дод.
Аз ҷониби муаллими кафедраи ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои таърих Бобоев Абдуазиз дар мавзӯи "Ҳолатҳои маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон" маърӯза шунида шуд.
Ҳамзамон, як қатор донишҷӯён доир ба мавзӯи мавриди назар баромад намуданд. Аз ҷумла, донишҷӯи курси якуми факултети забонҳои хориҷӣ Сатторова Зарнигор ва донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқ - Нозимов Абдулло ва Ҳоҷиев Фарҳод андешаҳои худро баён карданд.
Сафаралӣ Сангинов,
аъзои “Нерӯи сухан”