​Олами заковат

Дар факултети геоэкология ва туризм маҳфили илмии доимоамалкунандаи “Олами заковат”- и Ҷамъияти илмии донишҷӯён гузаронида шуд.

Дар доираи ин иқдом аз ҷониби донишҷӯи курси чоруми ихтисоси геоэкология Тӯйчиев Умедҷон дар мавзуи “Шаклҳои фаъолияти хонандагон дар таълими салоҳиятнокӣ” маърӯза ироа гардид.

Ҳамчунин? мувофиқи барнома мубоҳисаи ҷамъияти илмии донишҷӯён баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни курси якуми ихтисоси геоэкология ва география - биология баргузор гардид, ки аз шартҳои зерин иборат буд:

  • Муаррифии гурӯҳ
  • Ҳозирҷавобон
  • Зеҳнсанҷӣ
  • Зирак
  • Ки зудтар?

Ҳадаф аз ин ташаббус ҷалб намудани донишҷӯён ба корҳои илмӣ – тадқиқотӣ унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ