ҶОЙГОҲИ ГУЛНАЗАР КЕЛДӢ ДАР АДАБИЁТИ МУОСИРИ ТОҶИК

Таҳти чунин унвон санаи 3-юми декабри соли 2025 ба ифтихори 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ, устод Гулназар дар толори раёсати Донишгоҳ конференсияи илмӣ-назариявӣ бо иштироки васеи адабиётшиносону мунаққидон, устодону унвонҷӯён ва магистрантону донишҷӯён баргузор гардид.

Нахуст муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳ Содиқ Ятимзода конференсияро ифтитоҳ бахшида, таъкид кард, ки Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар ба сифати яке аз шоирони тавонову соҳибистеъдод, навпардозу навовар бо ашъори рангину гуногун адабиёти тоҷикро ғанӣ намуда, ба пояҳои баланд бардошт ва ба сатҳи маърифату маънавияти мардум такони хос бахшид. Гуфта шуд, ки устод Гулназар пеш аз ҳама, шоире номвар ва соҳиби сухани баланд, муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суруди Анҷумани тоҷикон ба шумор меравад.

Баъдан сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Сӯҳроб Рустамзода, муовини Раиси ноҳияи Айнӣ Фарҳод Мукаррамзода, Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аҳмадҷони Раҳматзод доир ба ҷойгоҳ ва мақоми Гулназар дар адабиёти муосири тоҷик суханронӣ намуданд.

Дар бахши илмии конференсия адабиётшинос ва мунаққиди шинохта Абдунабӣ Сатторзода, академик Носирҷон Салимӣ, профессор Матлубаи Мирзоюнус, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи Баҳодур Искандарови АМИТ дар ВМКБ Ҳокимшо Қаландаров, профессор Нуралӣ Нуров, дотсенти Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Шавкат Боев бо маърӯзаҳо баромад намуданд.

Дар маҷмуъ, чорабинии илмӣ-назариявӣ нишон дод, ки шахсияти беназири устод Гулназар ва мероси гаронбаҳои адабии ӯ то ҳол сарчашмаи илҳому таҳқиқоти илмӣ буда, ҷойгоҳи шоистаи ӯ дар адабиёти муосири тоҷик ҳамчун навовари андеша ва меъмори ҷаҳони маънавии ҷомеа ҳарчи бештар тадқиқ ва қадршиносӣ мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ