​Ҷойгоҳи дутор дар мусиқии миллии Шашмақом

Дар ҷараёни чорабиниҳои ҳафтаи илм дар факултети санъат маҳфили илмӣ-эҷодӣ дар мавзўи «Ҷойгоҳи дутор дар мусиқии миллии Шашмақом» доир гардид.

Дар маҳфили нахуст, муаррифии дастури таълимии «Садои дутор», ки аз ҷониби дотсенти кафедраи мусиқии суннатии тоҷик дотсент Р.Убайдуллоев ва сармуаллими ҳамин кафедра Машраб Султонов маҷмўи оҳангҳои барои асбоби мусиқии дутор гирдоварӣ карда шуданд ва тоза аз чоп баромада буд, ба ҳозирин муаррифӣ гардид.

Сипас, аз ҷониби дотсент Сайдулло Убайдуллоев дар бораи мавқеи сози дутор дар мусиқии миллӣ, аз ҷумла Шашмақом ибрози назар намуд. Сармуаллими кафедраи таърих, назарияи ва методикаи таълими мусиқӣ ба номи профессор Н.Ҳакимов, устод Т.Назаров ва дотсент С.Худойбердиев перомуни ҷойгоҳи дутор дар мусиқии миллии Шашмақом суханронӣ намуда афзуданд, ки дутор сози мусиқии халқии тоҷик, дар байни халқҳои Осиёи Марказӣ ва Туркистони Шарқӣ низ маъмул аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ