​Оилаи солим – асоси пойдории ҷомеа

Бо ташаббуси бахши кор бо заноно ва духтарони донишгоҳ дар факултети санъати тасвирӣ ва технологиябо донишҷӯдухтарони факултети мазкур ва факултети математика вохӯрии судманд таҳти унвони “Оилаи солим – асоси пойдории ҷомеа” бо иштироки намояндагони МИҲД-и шаҳри Хуҷанд, собиқадорон баргузор гардид.

Дар баромадҳо зикр гардид, ки оила макони муқаддасест, ки кӯдак дар он ба воя расида, асоси пойдории давлат маҳсуб меёбад. Одоб, ахлоқ ва муоширати иҷтимоӣ низ аз ин ҷо сарчашма гирифта инкишоф меёбад. Ҳаёти солими миллат аз фазои солими оила сарчашма мегирад.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки оила чун зинаи аввали бунёди ҷомеа нақши меҳварӣ дар тарбия ва ба воя расонидани наслҳо маҳсуб меёбад. Вазъи ияҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию ахлоқии оилаҳо дар сатҳи баланд бошад, ба ҳамон андоза он ба рушд ва пешрафти давлату миллат мусоидат менамояд. Худи таҳкиму таъмини саодату хушбахтии оила як шеваи бархӯрди инсонгароёна ва яке аз рукнҳои асосии низоми давлатдорӣ мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ