​Оила шоҳсутуни зиндагӣ

Дар толори «АРТ галереяи Монӣ»-и факултети санъати тасвирӣ ва технология чрабинии тарбиявӣ таҳти унвони “Оила шоҳсутуни зиндагӣ” баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раёсати агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ширкат доштанд.

Чорабиниро декани факултет дотсент Хайриҷон Ҷӯраева ҳусни оғоз бахшид. Баъдан, Бахтиёр Шомирзоев - мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ роҷей ба иқдомҳои Ҳукумати малакат ҷиҳати дастгирии оилаҳои ҷавон ва санадҳои қабулгардидаи соҳа ибрози назар намуд. Рафоат Бобоева - мушовири оилавӣ назди раёсати кор бо занони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оиди муроҷиати оилаҳои ҷавон ба равоншиносон ва ва бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта, ки дар рафти кор мушоҳида шудаанд, баромад намуд.

Сипас, Мунаввара Дадобоева - аъзои шӯрои фаъолзанони вилоят ба сухан баромада, доир ба муносибати оилаву оиладорӣ миёни ҷавонон изҳори ибрози назар намуда, ба ҷавонон маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуд.

Гуландом Мирзоева - нозири мубориза бар зидди нашъаманди Раёсати агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, сабабҳои ҷудошавии баъзе аз оилаҳоро даст задан ба нашъамандӣ, майпарастӣ арзёбӣ намуда, аз ҷавонон хоҳиш ба амал овард, ки ба чунин кирдорҳои ношоиста даст назананд.

Дар охири чорабинӣ аз тарафи донишҷӯёни факултет саҳнаҳои тарбиявӣ ва шеъру суруд дар мавзӯи оиладорӣ пешниҳод карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ