Оғози таҷрибаомӯзии педагогӣ дар факултети таърих ва ҳуқуқ
Таҷрибаомӯзии педагогӣ қисми ҷудонашавандаи раванди таълиму тарбия дар ҷодаи тайёр намудани омӯзгорони тахассусманд ба шумор меравад. Аз ҷумла, таҷрибаомӯзии педагогӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар тайёр намудани мутахассисон-омӯзгорон нақши муҳим мебозад.
Дар толори факултети таърих ва ҳуқуқ конференсияи оғози таҷрибаомӯзии педагогии донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси таърих, курси 5-уми ихтисоси таърих ва ҳуқуқ, шӯъбаи рӯзона барпо гардид. Дар ибтидо декани факултет дотсент Иброҳим Ҷабборзода сухан карда, қайд намуд, ки таҷрибаомӯзии педагогии донишҷӯёни курсҳои 4 ва 5 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз санаи 10-уми ноябр то 21-уми декабри соли ҷорӣ давом ёфта, ҳадафи он ба роҳ мондани раванди таълимӣ-тарбиявӣ дар мактаб, методи кори таҷрибаомӯз, дар як вақт дар асоси нақшаи ҳафтаинаи фардӣ гузаронидани дарсҳоро аз фанни таърихи халқи тоҷик, таърихи умумӣ, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон аз ҷониби таҷрибаомӯзон, такмил додани малака ва маҳоратионҳо маълумот дод. Баъдан, мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ дотсент Олимҷон Маҳмудов донишҷӯён – таҷрибаомӯзонро бо фармоиши ректори донишгоҳ шинос намуда, дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявӣ аз фанҳои тахассусӣ, методика, педагогика ва психология, ба даст овардани малакаи корҳои ҷамъиятӣ – сиёсӣ ва ташкилӣ, дар корҳои ҷамъиятии мактаб фаъолона иштирок кардан, риоя намудани интизом дар мактаб, тарзи либоспӯшӣ, этикаи касбӣ ва ба танзим даровардани ҳуҷҷатҳои таҷрибаомӯзиро фаҳмонид.
Маркази иттилоот ва таҳлил