​Оғози таҷрибаомӯзии педагогӣ дар факултети математика

Тибқи қарори Шӯрои олимони донишгоҳ оид ба давра ба давра роҳандозӣ намудани таҷрибаомӯзии педагогӣ дар факултети математика таҷрибаомӯзии педагогӣ барои ихтисосҳои математика ва информатикаи курсҳои 4-ум оғоз гардид.

Ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таҷрибаомӯзӣ дар факултети математика конференсияи ифтитоҳии таҷрибаомӯзии педагогӣ баргузор гардид.

Дар конференсияи ифтитоҳӣ мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии донишгоҳ дотсент Пӯлотов Назирҷон иштирок намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки 113 нафар донишҷӯён ба таҷрибаомӯзии педагогӣ ба мактабҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фиристода шуданд.

Мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии донишгоҳ дар баромади худ доир ба эълон гардидани “Соли 2022 - соли баланд бардоштани сатҳу сифати таҷрибаомӯзӣ дар донишгоҳ” сухан намуда, таъкид кард, ки тибқи нақша чорабиниҳои донишгоҳ озмуни “Таҷрибаомӯзи беҳтарин” ва “Методисти беҳтарин” роҳандозӣ шудааст. Аз донишҷӯён даъват шуд, ки бо ташаббускорӣ ва дониши баланд дар озмунҳои мазкур иштирок ва ғолибият ба даст оранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ