​Оғози таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ дар факултет филологияи рус

Дар факултети филологияи рус конференсияи ифтитоҳии таҷрибаомӯзии омӯзгории донишҷӯёни курсҳои сеюми шуъбаи рӯзона баргузор гардид.

Декани факултет, дотсент Раъно Шаропова оид ба нақш ва аҳамияти таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ сухан кард. Мавсуф иброз дошт, ки таҷрибаомӯзӣ марҳилаи ҷамъбастии омодасозии донишҷӯён барои фаъолият дар муассисаҳо таълимӣ буда, вазифаи асосии баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар таълимгоҳҳои омӯзгорӣ ин ташаккули қобилияти омӯзгорӣ, дар донишҷӯён бедор намудани шавқ ва тарбияи меҳру муҳаббат нисбати касби омӯзгорӣ мебошад.

Баъдан мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус дотсент Анисахон Ёқубова таҷрибаомӯзонро бо мазмуну муҳтавои давраи таҷрибаомӯзӣ, мақсад, вазифа ва нозукиҳои он ва қоидаҳои рафтор дар мактаб, риояи сару либос, маданияти педагогӣ, тарзҳои муошират, сифати ҳуҷҷатнигорӣ ошно сохт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ