Оғози Спартакиадаи “Саломатӣ” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 85-солагии аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонии умумидонишгоҳӣ - Шариф Ҳофизов 29-умин Спартакиадаи “Саломатӣ” оғоз гашт.

Спартакиада байни ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар ҷомеа ва тарзи ҳаёти солим байни устодону профессорон роҳандозӣ гаштааст.

Спартакиада то 25-уми январ ҷараён гирифта, дар он 18 даста аз ҳисоби кормандони раёсати донишгоҳ ва устодони факултетҳо аз рӯи 5 намуди варзиш, аз ҷумла, шоҳмот, шашка, дартс, волейбол, тенниси рӯи мизӣ байни ҳам қувва меозмоянд ва дар натиҷаи он аз ҳисоби беҳтарин даста ва бозигарон тими донишгоҳ ҷиҳати иштирок дар Спартакиадаҳо ва мусобиқаҳои варзишии шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ байни муассисаҳои таълимии олӣ ва касбӣ интихоб карда мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ