Оғози спартакиада дар факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ

Дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилооти кушодашавии Спартакиадаи “Ҷоми факултет” дар байни донишҷӯёни факултети мазкур бахшида ба 25 - солагии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, 30- солагии Иҷлосияи 16- уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29 - солагии рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст муовини декан оид ба корҳои тарбия А.Шукуров спартакиадаро кушода эълон гуфт. Сипас декани факултет Гулнора Узоқова доир ба сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат ва ҷалби ҷавоно ба варзиш ибрози назар намуд.

Маврид ба зикр аст, ки спартакиада аз рӯи намуди футболи хурд, тенниси рӯи миз , вазнбардорӣ, шоҳмот, шашка, дастхобонӣ, арғамчинкашӣ аз санаи 17-ум то 19-уми феврали соли равон идома мекунад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ