​Оғози мусобиқаи волейбол миёни донишҷӯён

Тавре иттилоъ дода будем бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ҷиҳати ҷалби донишҷӯёни факултетҳо ба варзиш мусобиқаи волейбол миёни донишҷӯён оғоз гардид.

Дар ифтитоҳи мусобиқа муовини ректор оид ба тарбия Аюб Усмонзода иштирок намуда, дар бораи ҳадафи ташкил ва гузаронидани мусобиқа сухан намуд.

Гуфта шуд, ки иқдоми мазкур бо мақсади оммавигардонии варзиш, баланд бардоштани сатҳи маҳорати варзишӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи солимии устодону донишҷӯёни донишгоҳ роҳандозӣ шуда, дар он устодону донишҷӯёни факултетҳо бо ҳам қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мусобиқа 18 даста аз рӯи намуди волейбол ширкат намуда, ғолибон бо ҷом ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ