Оғози мусобиқаи футболи хурд байни донишҷӯдухтарони вилоят

Ба иттилои Хайёмиддин Исмоилов – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ, дирӯз бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни донишҷӯдухтарони донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳои вилояти Суғд дар Маҷмааи варзишии Хуррамшаҳри Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бозиҳои нахустини мусобиқа оғоз гардид. Ба гуфти манбаъ мусобиқаи мазкур бори нахуст доир гардида, аз 21-ум то 24-уми сентябри соли ҷорӣ идома мекунад. Гуфта мешавад, ки чунин иқдом дар оянда низ роҳандозӣ мегардад.

Ҳадаф аз ташкил ва баргузории мусобиқаи макзкур тарғибу ташвиқи намуди варзиши футболи хурд байни бонувон, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстии донишҷӯён арзёбӣ мешавад.

Ғолибони мусобиқа бо ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ