​Оғози даври 1/4 ниҳоии мусобиқаи футболи хурд ва волейбол

Даври 1/4 ниҳоии мусобиқаи футболи хурд байни донишҷӯписарон ва волейбол байни донишҷӯдухтарон дар майдони варзишии маҷмааи Хуррамшаҳри донишгоҳ оғоз гардиданд.

Ташаббуси мазкур, чи тавре қаблан иттилоъ дода будем, бахшида ба 30 - солагии Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 – умин солгарди таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров роҳандозӣ гардид.

Маврид ба зикр аст, ки мусобиқаи мазкур ҷиҳати дарёфти “Ҷоми 90-солагӣ” ба роҳ монда шуда, то санаи 1-уми ноябр идома хоҳад ёфт.

Аз натиҷаҳои мусобиқа дар гузоришҳои минбаъда иттилоъ хоҳем дод.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ