​Оғози ҳафтаи илм дар факултети филологияи рус

Дар факултети филологияи рус “Ҳафтаи илм” оғоз гардид. Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ҳафтаи илм дар факултет мизҳои гирд, конференсияҳои илмӣ-амалӣ ва чорабиниҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст ва давоми ҳафта роҳандозӣ мегардад. Ин тадбирҳо ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани “Ҳафтаи илм” маънидод гардид.

Нахуст Раъно Шаропова - декани факултет, дотсент баромад намуда, аз ташаббусҳои маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ёдовар шуда, доир ба дастовардҳои устодони факултет маълумот дод.

Дар ҳамоишҳои илмӣ проблемаҳои мубрами таълими забони русӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ, такмили салоҳиятҳои асосии донишҷўён, ҳавасмандгардонии фаъолияти таълимию илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Омӯзгорон доир ба муҳтаво ва зарурияти қабулибарнома ва талаботҳои он мубоҳиса намуда, маърӯзаҳои илмии пешниҳодшударо мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҳамчунин дар доираи чорабинии илмӣмастер класс аз тарафи омӯзгорони маркази таълимии “Триумф”дар мавзуи “Образовательныйязыковой центр: проблемы и перспективы” бо иштироки хонандагони МТМУ № 15-и шаҳри Хуҷандбаргузор гардид. Дар чорабинии илмии мазкур намояндагони маркази таълими доир ба фаъолият ва раванди машғулият тариқи фаротоб (проектор) муассисаи Триумф”-ро ба ҳозиринмуаррифӣ намуданд. Ҳадаф аз гузаронидани ин чорабинӣ робита бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва маркази таълимӣ, инчунин ҷалби хонадагон ба забономӯзӣ арзёбӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ