​Нури замон, муаллим!

Дар факултети таҳсилоти ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Рӯзи омӯзгор бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардид. Ба ин муносибатчорабинии идона бо иштироки устодон ва донишҷӯёни ихтисосҳои нав аз қабили муҳандисӣ-омӯзгорӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва санъати тасвирӣ доир гардид.

Декани факултет профессор Аслиддин Пӯлотов ҷомеаи меҳнатии факултетро ба муносибати фарорасии Рӯзи омӯзгор таҳният гуфт. Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои рушди соҳаи илму маориф ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгорон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунанд ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳанд. Дар фарҷом барномаи фарҳангӣ бо иштироки донишҷӯён манзур гардид, ки ба чорабинии тантанавӣ мазмуни бештар бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ