Нуқтаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамо барои ноил гардидан ба мақсадҳои шоиста ва босалоҳияти мардуми шарифи кишвар мебошад. Аз ҷумла дар суханронии Пешвои миллат зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба инкишоф давоми 32 сол баҳри пайдо намудани мавқею манзалат бо сиёсати асили сулҳофаринаш дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хосса дорад.

Аз тарафи Пешвои миллат арзёбии марҳилаи ҳисоботӣ, баррасии вазъият ва самтҳои асосии рушди иқтисодии кишвар, сатҳи дастёбӣ ба ҳадафҳои стратегӣ, арзёбӣ ва дурнамои соҳаҳои иҷтимоӣ, баррасии сиёсати дохилии кишвар, баррасии масъалаҳои ҳуқуқӣ ва амниятӣ, баррасии равандҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ, нуқтаҳои ҷамъбастӣ ва даъватӣ барои оянда хеле муфассал ва ҷиддӣ омадааст. Аз ҷумла: “Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд.

Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар зиёд гардид.

Даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид.

Музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид.

Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд.

Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат қисми даромади буҷети давлатӣ ҳар сол зиёд гардида, соли 2023 ҳаҷми он нисбат ба соли 2017-ум 1,6 баробар афзоиш ёфт.

Бо фароҳам омадани имконият хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид.

Дар ҳафт соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 21,9 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2023-юм 4 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Дар ин давра танҳо ҷиҳати пардохти кумаки унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат ва кӯдакони маъюб, инчунин, ҷубронпулии яквақта ба шаҳрвандони аз фалокатҳо зарардида 2 милларду 70 миллион сомонӣ равона карда шудааст. Дар се соли минбаъда ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ афзоиш дода шуда, ба ин мақсад 61 миллиард сомонӣ равона карда мешавад.

Соли 2023 дороии сохторҳои молиявию қарзии кишвар нисбат ба соли гузашта 22 фоиз зиёд гардида, 39,6 миллиард сомониро ташкил кард.

Соли ҷорӣ пешниҳоди қарзҳо аз ҷониби низоми бонкӣ дар муқоиса бо соли 2022-юм 31,1 фоиз афзоиш ёфта, ба 18,5 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда 32,1 фоиз зиёд гардида, 13,3 миллиард сомониро ташкил дод.

Қарзҳои ба занону бонувони соҳибкор пешниҳодшуда 30 фоиз афзоиш ёфта, ба 4,8 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Дар ин давра бақияи умумии пасандозҳои аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар ташкилотҳои қарзии ватанӣ 32 фоиз зиёд гардида, ба 18,6 миллиард сомонӣ расид.

Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардид.

Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони кишвар беш аз 2 ҳазор корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи корӣ, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул бунёду азнавсозӣ карда шуданд.

Танҳо дар соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супориданд.

Соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ сохтмону азнавсозии 139 иншоот анҷом дода шуд.

Тайи ду соли охир дар кишвар беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992-юм 4,6 баробар афзоиш ёфта, ба зиёда аз 46 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Танҳо дар ҳафт соли охир ин нишондиҳанда 2,4 баробар зиёд гардидааст.

Соли 2022 содироти маҳсулоти соҳа ба 22,8 миллиард сомонӣ расида буд, вале дар соли 2023-юм ин нишондиҳанда ҳамагӣ 18,5 миллиард сомониро ташкил карда, 19 фоиз кам гардид.

Дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалигардида ва заҳмати софдилонаи кишоварзон сатҳи таъминнокии аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ афзоиш ёфта, соли 2023 истеҳсоли ғалладонагиҳо назар ба соли 1991-ум 6 баробар, аз ҷумла гандум 5,6 ва шолӣ 6,7 баробар, картошка 10,8 баробар, сабзавот 9, полезӣ 17,5, меваҷот 10 ва ангур 2 баробар афзоиш ёфтааст.

Дар ин давра саршумори чорвои калони шохдор 2 баробар (ҳоло шумораи он ба 2,6 миллион сар расидааст), чорвои майда 2 баробар (6,6 миллион сар) ва паранда 1,9 баробар (12,2 миллион сар) зиёд шудааст.

Воридоти гӯшт аз хориҷи кишвар сол ба сол кам гардида, аз 10,7 ҳазор тонна дар соли 2014 ба 144 тонна дар соли 2023 коҳиш ёфтааст.

Дар замони сохти гузашта ҳар сол ба ҷумҳурӣ 160 ҳазор тонна гӯшт ва 170 ҳазор тонна картошка ворид мегардид.

Фаромӯш набояд кард, ки дар се даҳсолаи гузашта аҳолии Тоҷикистон аз 5 миллион ба 10 миллион расид, яъне талабот ба маводи ғизоӣ ду баробар афзоиш ёфт.

Соли 2023 таъминот бо маҳсулоти асосии озуқавории истеҳсоли ватанӣ дар кишвар ба 85 фоиз расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 2,5 баробар зиёд мебошад.

Истеҳсоли картошка (122 фоизи талабот), сабзавот (174 фоиз), пиёз (527 фоиз), сабзӣ (360 фоиз), полезӣ (312 фоиз), гӯшту шир (100 – фоизӣ) барзиёд аз меъёри истеъмолӣ таъмин гардидааст.

Соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст.

Тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад.

Агар дар соли 2023 шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 103 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас қабул ба синфи 1-ум ба 261 ҳазор нафар расидааст.

Дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, вале ин ҳоло ҳам кам аст.

Дар соли 2023 барои соҳаи тандурустӣ 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2017-ум 2,3 баробар зиёд буда, 8,8 фоизи буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар соҳа татбиқи 15 стратегияву барномаи миллӣ бомаром идома дорад.

Танҳо дар давоми соли 2023-юм 132 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

– аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шуд;

– аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шуд;

– инчунин, аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шуд;

Ҳамзамон бо ин, аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуд.

Ҳамин тариқ дар Паёми Пешвои миллат фаъолияти соҳаи калони иқтисоди миллӣ сатҳи иҷрои барномаҳои калонӣ иқтисодӣ; сатҳи пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар; вазъияти бахши воқеии иқтисодиёт; масъалаҳои буҷети давлатӣ; фаъолияти бонкҳо ва пасандозҳои аҳолӣ; вазъияти сармоягузорӣ дар кишвар; вазъият ва масъалаҳои соҳибкорӣ; вазъият ва масъалаҳои бахши хусусӣ; вазъияти воридоту содирот дар кишвар ба тартиби муаяншуда ёдрас ва баррасӣ гардид.

Тартиби чор ҳадафи стратегии кишвар дастрасӣ ба истиқлоли энергетикӣ; раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ; таъмини амнияти озуқаворӣ; саноатикунонии босуръати кишвар дар таркиби ин бахш маъмулан баррасӣ гардид

Дар бахши иҷтимоӣ соҳаи маориф; соҳаи илм; соҳаи фарҳанг; соҳаи тандурустӣ; масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ (муносибат бо қишрҳои осебпазир); самти муҳоҷирати меҳнатӣ; масъалаи занон; масъалаҳои ҷавонон бо тартиби устувор баррасӣ гардид.

Бо баробари ин муваффақияту дастовардҳо-камбудиҳо ва мушкилотҳо ҷой дорад. Пешвои миллат ба хизматчиёни ин ниҳодҳо мухталиф аз тарафи Роҳбарияти кишвар изҳори эътимоду боварӣ эълон шуда, ба онҳо дастуру ҳидоятҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, арзишӣ, идеологӣ, сиёсӣ ва хидматӣ дода шуд, ки вазифаиҷонии ҳар яки мо баҳри бартараф кардани он мебошад.

Ҳамин тариқ баррасии ин бахшҳои паём нишон медиҳад, ки онҳо маъмулан нуқтаҳои зерин - изҳори эҳтиром ва боварӣ ба халқи тоҷик; бардоштани обрӯи кишвар; даъват ба ваҳдату ҳамдилӣ; даъват ба ватандӯстӣ ва қадрдонӣ аз соҳибдавлатӣ; хиёнат накардан ба ватану давлати худ; даъват ба меҳнати ҳалол ва меҳнатдӯстӣ; даъват ба созандагию ободонӣ; боварӣ ба ояндаи дурахшони кишвар; аз даст надодани ҳушёрии сиёсӣ; риояи одобу эҳтиром; орзуи сарбаландию комёбиҳо ба мардумро дар бар мегиранд.

Зоидова Тӯҳфа Маҳкамовна – муаллими калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ