​Нишон аз давлатдории миллӣ

Дар факултети забонҳои шарқ бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Донишҷӯи курси дуюм Муҳаммадизода Атоулло дар мавзуи “Парчами давлатӣ – рамзи давлатдории миллӣ” маърӯза намуд.

Декани факултет Эҳсонзода Малоҳат зимни суханронӣ қайд кард, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16-ноябр то 2-декабри соли 1992 дар қасри Маданияти Арбоб баргузор гардид, воқеан барои миллати тоҷик рӯйдоди тақдирсоз буд.

“Парчами давлатӣ, ки барои миллати тоҷик рамзи ваҳдату ягонагӣ ва ҳувияти миллӣ маҳсуб ёфта, эҳтироми он маънои арҷгузорӣ ба тамоми арзишҳои миллӣ аз оғози таърих то ба имрӯзро дорад, маҳз дар доираи кори Иҷлосия қабул шуд”- зикр гардид дар доираи хониши сиёсӣ.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ