Нишасти навбатии маҳфили “Робототехника”

Нахустин нишасти ҳайати маҳфили навтаъсиси «Робототехника» дар соли хониши 2021-2022 бо ширкати донишҷӯёни навовару ихтироъкор баргузор гашт.

Фаъолияти маҳфил дар доираи нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ бахшида ба эълони солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ» бо мақсади рушди тафаккури техникии ҷавонон бо ташаббуси кафедраи барномарезии факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ ташкил ва ба роҳ монда шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар маҳфили «Робототехника» донишҷӯён амалишавии лоиҳаҳоро бо истифода аз усулҳои бозӣ ва фикрронии коллективӣ меомӯзанд. Нишасти маҳфил мувофиқи нақша дар мавзӯи “Системаҳои идоракунии роботҳои мобилӣ” аз тарафи устоди кафедраи барномарезӣ Саидвалиев Аъзамҷон бо иштироки беш аз 30 донишҷӯ гузаронида шуд.

Хотиррасон менамоем, ки маҳфил давоми ҳар моҳ як маротиба баргузор мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ