​Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” баргузор гашт

Дар толори калони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров нишасти 216-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо иштироки васеи олимону муҳаққиқон, адибон ва мухлисони илму адаб ва фарҳанг баргузор гардид.

Роҳбари маҳфил дотсент Саидумрон Саидов иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, бо барномаи маҳфил шинос намуд. Мавсуф зикр дошт, ки ин нишаст ба муносибати Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ва Рӯзи Артиши миллӣ доир мегардад.

Тибқи барнома профессор Абдуҷамол Ҳасанзода дар мавзуи “Мақоми забони тоҷикӣдар байни забонҳои олам”, дотсент Ислом Раҳимов дар мавзуи “Мафҳуми ватан ва ватандорӣ дар адабиёти тоҷик” маърӯза намуданд. Дар маърӯзаҳо мавқеъ ва маҳбубияти забони тоҷикӣ дар байни забонҳои олам, хусусиятҳои забони мо, иртиботи забонҳои мухталифи дунё ва дирӯзу имрӯзи осори адибони тоҷику форсро аз назари мавзӯи ватану ватандорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Баъдан аъзоёни ҷавони маҳфили адабии “Ҳумоюн” дар ҷараёни маҳфил аз ашъорашон намунаҳои шеърӣ қироат намуда, ба иштирокчиён руҳияи болида бахшиданд.

Ҳамчунин Раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд, шоир ва адабиётшинос Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода дар мавзуи “Рисолати шоир дар ҷомеа” суханронӣ карда чанд шеъри нави хешро қироат кард. Ҳамчунин нақши аҳфилиилмиву адабии “Ганҷи сухан”-ро дар тарбияи маънавии ҷомеа муҳим маънидод намуд.

Дар ҷараёни кори маҳфил як қатор иштирокчиёни фаъоли маҳфил бо туҳфаҳои хотривии қадршиносӣ гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ