Нишасти навбатии маҳфили "Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ"

Нишасти навбатии маҳфили илмию амалии кафедраи умумидонишгоҳии информатика таҳти унвони «Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ” бо иштироки донишҷӯёни факултети физика ва техника доир шуд.

Маҳфили мазкур дар доираи эълон шудани “Бистсолаи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” гузаронида шуд.

Дар маҳфил мудири кафедраи мазкур дотсент Ҳусейнбой Аҳмедов иштирок намуда, аз ҳадаф ва мақсади маҳфил таъкид кард.

Дар доираи маҳфил миёни иштирокчиён аз рўии 3 шарт озмун гузаронида шуд: - «Истифодаи тахтаи интерактивӣ White board дар машғулиятҳои информатика», «Кор бо филворд» ва «Дохил намудани матн дар барномаи виросторони коркарди матнӣ».

Мувофиқи хулосаи ҳайати ҳакамон ҷойи якум насиби донишҷў Холиқов Абдумуталиб, ҷойи дуюм Мирбобоев Анис ва мақоми сеюм ба Мукарамзода Сомон сазовор дониста шуд.

Ба ғолибон Ифтихорномаи ректори донишгоҳ супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ