Нишасти навбатии маҳфили ​"Адолат ва ҳуқуқ"

Дар толори факултети таърих ва ҳуқуқ маҳфили навбатии илмии донишҷӯёни назди кафедраи ҳуқуқшиносӣ таҳти унвони "Адолат ва ҳуқуқ" баргузор гардид.

Маҳфилро декани факултети таърих ва ҳуқуқ, номзади илмҳои таърих, дотсент Ҷабборов Иброҳим ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро бо барномаи маҳфил шинос кард.

Тибқи барнома нахуст донишҷӯи курси 4-уми факултети геэкология ва туризм Алибоев Ҳумоюн дар мавзӯи "Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандон дар самти ҳифзи муҳити зист" баромад намуд. Номбурда афзуд, ки имрӯзҳо давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва сайёҳӣ тадбирҳои муассир меандешад. Ба ин нигоҳ накарда имрӯзҳо инсоният ба табиат зиёни ҳангуфте расонида истодааст, ки ин нигаронкунанда ва яке аз масъалаи мубрами глобалӣ ба ҳисоб меравад.

Донишҷӯи курси 2-юми факултети таърих ва ҳуқуқ Сиддиқзода Сиддиқ дар мавзӯи "Кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба таҳсил" маърӯза намуд.

Гуфта шуд, ки оиди кафолатҳои конситутсионӣ дар самти ҳуқуқ ба таҳсил Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эъломияи Умумии Ҳуқуқи Башар ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маориф сарчашмаи асосӣ ба ҳисоб рафта, дар тамоми ин санадҳои олии ҳуқуқӣ таҳсилоти умумии асосӣ ҳатмӣ эълон шудааст.

Ҳамзамон, донишҷӯи факултети таърих ва ҳуқуқ Худойбердиева Марҷона дар бораи аҳамият ва зарурияти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд" маърӯзаи пурмӯҳтаво ироа намуд.


Сафаралӣ Сангинов,

аъзои маҳфили “Нерӯи сухан”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ