​Нишасти матбуотӣ: натиҷагирӣ аз фаъолияти донишгоҳ давоми нимсолаи аввал

Имрӯз, санаи 15-уми июли соли равон дар толори хурди раёсати донишгоҳ нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар кори нишаст рӯзноманигорон аз нашрияҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Омӯзгор”, “Ҳақиқати Суғд”, “Сухани халқ”, “Согдийская правда”, “Суғд ҳақиқати”, “Тирози ҷаҳон”, “Тоҷикистон”, “Шуълаи умед”, оҷонсиии иттилоотии “Суғд - нюс” ва телевизионҳои “Баҳористон”, “СМ-1”, “Азия”, “Танин”, “Диёр”, “7 ситора” ва ғайра ширкат намуданд.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом доир ба самтҳои мухталифи фаъолияти донишгоҳ давоми нимсолаи аввали соли 2022 ҳисобот дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҳаёти донишгоҳ як қатор рӯйдодҳои муҳим ба вуқуъ пайваста, ҷомеаи меҳнатӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Роҳбари донишгоҳ гуфт, ки яке аз муҳимтарин рӯйдодҳо давоми давраи ҳисоботӣ бо ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғози сохтмони бинои замонавии 9 ошёна бо 144 синфхона барои 4000 донишҷӯ мебошад.

Гуфта шуд, ки дигар аз воқеаҳои муҳим дар раванди таълими донишгоҳ ифтитоҳи як қатор лаборатория ва маркази тадқиқотӣ маҳсуб меёбад. Аз ҷумла, дар ин давра дар назди кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризм озмоишгоҳи таълимӣ - таҳлилӣ ва дар факултети биология ва химия маркази нави тадқиқотӣ таъсис дода шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар Китобхонаи илмии донишгоҳ 2 толори нави “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм - фурӯғи маърифат” таъсис дода шуд, ки ҳадаф аз ин ибтикор тавсеаи самти хизматрасонии китобхона ва таъмини шароити арзанда барои иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ маҳсуб меёбад.

Профессор Усмонзода Аюб ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки давоми нимсолаи аввали соли равон бахшида ба Рўзи илми тоҷик 482 нафар устоду докторант, магистрант ва донишҷў бо туҳфаҳои пулӣ ва хотиравии ректори донишгоҳ қадр гардиданд.

Бо фармоиши ректори донишгоҳ дар соли 2022 маблағи қадршиносӣ шуруъ аз оғози соли таҳсили 2022-2023 барои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ – 5 ҳазор сомонӣ муайян гардид. Инчунин, иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати ҳимояи рисолаҳои докторӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ – 10 ҳазор сомонӣ, дар самтҳои илмҳои гуманитарӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ – 7 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.

Ректори донишгоҳ таъкид намуд, ки дар идомаи ғамхорӣ ва дастгирӣ ба ҷомеаи меҳнатӣ, ки аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки шуруъ аз моҳи сентябри соли 2022 маоши кормандону устодон аз ҳисоби суратҳисоби махсуси донишгоҳ 20% баланд бардошта шавад.

“Ҳамин тариқ, маоши кормандону устодони донишгоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар партави дастури Роҳбари олии мамлакат аз моҳи июл 20% ва аз ҳисоби суратҳисоби донишгоҳ боз 20%-и дигар зиёд карда мешавад”- афзуд профессор Усмонзода.

Дар қисмати дуюми нишаст аз ҷониби рӯзноманигорон доир ба равандҳои фаъолияти донишгоҳ, ҳавасмандии устодону донишҷӯён, сифати таҳсилот, натиҷаҳои сессияи тобистона, ҷалби донишҷӯён-хатмкунандагон ба сафи Артиши миллӣ, омилҳои ихроҷ шудани донишҷӯён, дастгирии иҷтимоӣ ва моддиву маънавии устодону донишҷӯён, шароити будубоши донишҷӯёни тибқи Квотаи Президентӣ таҳсилкунанда дар хобгоҳ, таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ, ҳамкории муштарак ва шартномаҳои ҳамкории донишгоҳ бо муассисаҳои олии кишварҳои хориҷӣ ва дигар паҳлуҳои равандҳои фаъолияти донишгоҳ суолҳо манзур гардид.

Дар фарҷом ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ба рӯзноманигорон ҷиҳати ҳамкории судманд бо донишгоҳ миннатдорӣ баён намуда, изҳори умед намуд, ки равобити воситаҳои ахбории омма бо донишгоҳ минбаъд низ густариш меёбад.

Ба аҳли қалам доир ба фаъолияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров давоми нимсолаи аввали соли 2022 “Паёми иттилоотӣ” дастрас гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ