Нишасти дуюми маҳфили “Асрори сухан”
Бо ташаббусикафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷик нишасти дуюми маҳфили “Асрори сухан” бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Нахуст, Муллоохун Сафарзода - докторант (PhD)-и кафедраи забони тоҷикӣ, ба сухан баромада изҳор дошт, ки омӯзиши маводи хазинаи дар шеваҳо маҳфузмонда ниҳоят муҳим буда, ин амал барои муайян намудани таркиби луғавӣ нақши асосиро мебозад. Қайд гардид, ки дар забоншиносии тоҷик перомуни гӯишҳои ин ё он маҳал аз ҷониби муҳаққиқонватанӣ асару мақолаҳои арзишманд рӯи кор омадаанд ва бо вуҷуди ин масъалаи мазкур пурра омӯхта нашудааст.
Дар идомаи маҳфил донишҷӯёни соли дуюми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик Соҳиба Қодирова, Элнура Қурбонова, Умия Абдуқодирзода, Фирӯза Насибалиева, Робия Мирова доир ба корбурди калимаҳои гӯишии бархе деҳоти шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Деваштич ва Ашт андешаронӣ намуданд.
Донишҷӯён калимаҳоеро рӯнамо мекарданд, ки як қисми онҳо дар сарчашмаҳои куҳани забони тоҷикӣ корбасти фаъол дошта, дар давраҳои минбаъдаи инкишофи забони тоҷикӣ ба тағйироти муайяни шаклию маъноӣ дучор гардидаанд. Гурӯҳи дигар дар фарҳангномаҳои тавзеҳ нагардидаанд.
Дар интиҳо устодон барои беҳтар омӯхтан хазинаи забони зиндаи халқ тавсияҳо доданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил