Нишасти 193 маҳфили “Ганҷи сухан” дар донишгоҳ

Бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд нишасти 193маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо иштироки олимону адибон ва дӯстдорони каломи бадеъ дар толори раёсати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Маҳфилро роҳбари маҳфил адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёнро ба барномаи маҳфил ошно сохт.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода оид ба назар ва андешаҳои Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди шинохти таъриху тамаддуни шаҳрдорӣ ва шаҳрнишии халқи тоҷик ибрози назар намуд. Азҷумла оид ба китобҳову мақолаҳои Пешвои миллат дар ин мавзӯъ истода гузашт. Ҳамзамон мавсуф аз сарчашмаҳои таърихӣ, ки дар онҳо номи шаҳри Хуҷанд ва таърихи он зикр шудааст ёдовар шуда, перомуни арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, тамаддунни шаҳрдорӣ ва шаҳрнишинии тоҷикон ибрози назар намуд. Зикр гардид, ки омӯзиши таърихишаҳрҳое монанди Кӯлоб, Ҳисор, Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ва монанди инҳо имкон медиҳад мо аз саҳифаҳои норӯшани миллати худ огоҳ гардем ва дар худшиносии миллӣ қадами устувор гузорем. Ҳамзамон роҳбари донишгоҳ вазифаҳои аввалиндараҷа ва минбаъдаи олимону донишмандонро дар Хуҷандшиносӣ баён кард. Дар фарҷоми суханронӣ Ҷамшед Ҷӯразода кулли иштирокчиёнро ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд табрик намуда, аз мақом ва манзалати маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” ва нақши маҳфили мазкур дар тарбияти маънавиию ахлоқӣ ва худшиносиву худогоҳии ҷомеа хидмати онро беназир арзёбӣ кард.

Номаи табрикоти раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд ба унвони олимону адибон, устодону шогирдони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров муовини раиси шаҳр Нуруллозода Фирӯза ироа намуд. Ӯ гуфт, ки хидмати олимон дар шинохти таърихи Хуҷанд ва ба имрӯзиёну ояндагон расонидани ҳақиқати таърихӣ калон буда, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд омода аст дар чопи китобҳои илмиву таърихӣдар бораи шаҳри Хуҷанд саҳми худро гузорад.

Дар бахши “Навгониҳои илмиву адабӣ” аз ҷонибиНасимҷон Ҳамробоев – мудири шуъбаи табъу нашри донишгоҳ номгӯи адабиёти тозанашр, ки таи соли 2021 дар нашриёти донишгоҳ дарҷ гардидааст муаррифӣ гардид.

Ҷӯрабек Исомаддинов – муаррихи номвар дар мавзӯи “Хуҷандшиносӣ дар масири таърих” маърӯзаи пурмӯҳтаво намуда аз сарчашмаҳое таърихме, ки роҷеъ ба шинохти Хуҷанд маълумоти саҳеҳмедиҳанд ёдовар шуд. Ӯ хидмати олимону донишмандони ватаниву хориҷиро дар самти хуҷандшиносӣ баён карда, аз вазифаҳои минбаъдаи онҳо сухан кард. Дар идомаи маҳфил маърӯзаи муаррихи ҷавон Содирхон Умаров дар мавзӯи “Зикри уламою урафои Хуҷанд дар “Тазкират-ул-авлиё”-и Халифа Абдулазиз Маҷзуби Намангонӣ” шунида шуд. Мавсуф перомуни зикри номи шахсиятҳои таърихии шаҳри Хуҷанд дар “Тазкират-ул-авлиё” ва аҳамияти ин сарчашмаи арзишманди илмӣ баёни андеша намуд.

Дар бахши минбари шеъри маҳфил Баҳром Раҳматзод – адабиётшинос ва шоири хушсалиқа аз ашъори худ шеърҳо қироат намуд. Дар ҷараёни маҳфил донишҷӯён дар васфи шаҳри Хуҷанд шеърҳо қироат намуданд ва суруду оҳангҳои дилнишин аз ҷониби ансамбли “Навои ҷавонӣ”-и ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров суруда шуда, ба маҳфил шукуҳу шаҳомати тоза зам намуд.

Дар фарҷоми маҳфил “Сипоснома”-ҳои раиси шаҳри Хуҷанд ба нафароне, ки дар самти хуҷандшиносӣ таҳқиқот бурдаанд тақдим карда шуд.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ