​Нетворкинг дар мавзуи “Рушди технологияҳои муосири телекоммуникатсионӣ”

Дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ дар доираи ҳафтаи илм таҳти роҳбарии мудири кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ дотсент Сайдуллоев У. ва муаллимаи кафедра Бобоҷонова Нигина нетворкинг дар мавзуӯи “Рушди технологияҳои муосири телекоммуникатсионӣ” бо иштироки намояндагони ширкати “Сомониён” ва “Nets” дар лабораторияи таълимии “Системаҳои ирсолӣ” баргузор гардид.

Дар чорабонии мазкур аз тарафи директори ширкати ТВН “Сомониён” Ҳасанов Илҳомҷон ба донишҷӯён доири пешравиҳои соҳаи телекоммуникатсия дар вилояти Суғд маълумоти муфассал пешкаш гардид ва ҳамзамон, мавсуф қайд кард, ки қисми бисёре аз коргарони ширкат хатмкунандагони ихтисоси системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионии Донишгоҳ маҳсуб меёбанд.

Сипас, мутахассиси ширкати “NETS” Юсупов Азизҷон оид ба насби антенаи микротик барои ташкили дастрасӣ ба интернет баромад намуда, қайд кард, ки ширкати “NETS” чанд соли охир ба муштариён дар шаҳри Хуҷанд интернети баландсифатро пешниҳод намуда истодааст.

Бояд қайд намуд, ки дар ширкатҳои “NETS” ва ТВН “Сомониён” ҳамасола донишҷӯёни факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ таҷрибаомӯзии худро бо роҳбарии омӯзгорон ва мутаххассисони ширкатҳо мегузаронанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ