​“Нерӯи сухан” – парвозгоҳи эҷодкорони ҷавон

Маҳфили “Нерӯи сухан”-и назди раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки ҳамасола донишҷӯёни эҷодкорро муттаҳид намуда, ҷиҳати таҳкими маҳорати нигорандагии онҳо замина мегузорад, қабули аъзоёнро эълон мекунад.

Ба маҳфил донишҷӯёне, ки шавқу ҳаваси эҷодкорӣ ва нигорандагӣ доранд, ҷалб мешаванд. Маҳфил давоми моҳ ду маротиба доир гардида, дар доираи он бо ҷалби рӯзноманигорони саршиноси вилоят ва ҷумҳурӣ ба ҷавонон нозукиҳои касби рӯзноманигорӣ омӯзонида мешавад.

Маводи иштирокчиёни маҳфил, ки дар доираи омӯзиш таҳия мешаванд, дар сомонаи расмии донишгоҳ (https://www.hgu.tj/) ва матбуоти даврӣ интишор мешаванд.

Ба аъзогии маҳфил донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров қабул мешаванд. Иштирок дар маҳфил маҳдуд буда, ҳамагӣ 20 нафар донишҷӯён ба аъзогӣ қабул карда мешаванд.

Хатмкардагони маҳфил дар анҷом бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр мешаванд.

Восита барои иртибот: Тел: 92 - 866 - 66 - 02

Почата: ittiloothgu@mail.ru ва maftun_ismoilova@mail.ru

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ