​Нерӯи пешбари ҷомеа

Имрӯз дар қатори дигар факултетҳои донишгоҳ дар факултети иқтисодӣ низ хониши сиёсӣ гузаронида шуд. Ин ташаббус бо иштироки декани факултет Нуриддинова Манзура, муовини декан оид ба корҳои тарбия Ҷураев Манучеҳр ва омӯзгорону донишҷӯён сурат гирифт.

Перомуни мақоми ҷавонон дар замони муосир иҷрокунандаи вазифаи декани факултет дар доираи ҳафтаи худидоракунӣ донишҷӯ Дарвешзода Салмон маърӯза намуд.

Таъкид шуд, ки баъд аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ таваҷҷуҳ ба масъалаҳои ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбар афзуда, дар ин самт силсилаи қонуну барномаҳои гуногуни давлатӣ ба тасвиб расидаанд.

Бо табодули афкор перомуни мавзӯи мавриди назар ҷамъомад анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ