Назорати раванди таҷрибаомӯзӣ

Мувофиқи низомномаи таҷрибаомӯзии педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯёни гурӯҳи 301-и бахши сеюми ихтисоси забони англисии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” барои гузаронидани таҷрибаи омӯзгорӣ ба МТХ “Камоли Хуҷандӣ” бо роҳбарии мушовир Исматуллоев Ҳ. сафарбар гардиданд. Дар рафти таҷрибаомӯзӣ донишҷуён барои сайқал додани маҳорат ва малакаи касбии худ дар дарсҳои омӯзгорони соҳибтаҷриба ширкат варзида, корҳои беруназсинфиро ташкил ва дарсҳои муқаррариву кушоди забони англисиро бо истифода аз методҳои муосири таълими забони англисӣ гузаронида истодаанд.

Аз рӯи дастури пешниҳоднамудаи садорати факултет рафти таҷрибаомӯзии донишҷӯён ҳафтае ду маротиба назорат ва бо онҳо машваратҳо гузаронида мешаванд. Чунончи декани факултети забонҳои хориҷӣ, профессор Меҳринисо Абдуллоева, муовини декан оид ба тарбия З Ахмедова ва омӯзгори кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ ба МТХ “Камоли Хуҷандӣ” ташриф оварда, аз раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯёни гурӯҳи 301 дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки декани факултет, профессор Меҳринисо Абдуллоева ҳуҷҷатгузории таҷрибаомӯзонро аз назар гузаронида, ба эшон оиди фаъолияташон маслиҳатҳои методӣ дод. Ҳамчунин декани факултет аз раванди дарсҳои таҷрибаомӯзон дидан намуда, аз хонандагон оид ба фаъолияти омӯзгории онҳо пурсон шуд. Хонандагон дар ҷавоб фаъолияти таҷрибаомӯзонро дар муассиса мусбӣ арзёбӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки таҷрибаомӯзон ба ҷараёни таълим бо масъулияти баланд ворид гардида, малакаву маҳорати хешро дар сатҳи хеле хуб ба роҳандӣ намуда истодаанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ