​Назаре ба раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён

Мутобиқ ба нақшаи чорабиниҳои факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ дар раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯёни шуъбаи рӯзона садорати факултет тасмим гирифт, ки назорати раванди таҷрибаомӯзони ихтисоси психология ва таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалиро пайваста ба роҳ монда бошад.

Дар доираи ин тадбир декани факултет Шарифиён Муқаддас ва як қатор устодони кафедраи назария ва методикаи тарбияи томактабӣ, кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 22 ва 23 омада, бо ҷараёни таҷрибаомӯзии донишҷӯён огоҳӣ пайдо намуданд.

Дар раванди тафтиш давомоти таҷрибаомӯзон, риояи сару либос ва фаъолияти онҳо ҳамчун психиолог, ҳуҷҷат ва дафтарҳои таҷрибаомӯзон ба пуррагӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки раванди таҷрибаомӯзии самти равоншиносӣ аз мушоҳидаи рафтор, муайянкунии ҳолати эмотсионалии гурӯҳ ва ё фард, гузаронидани машварату корҳои ислоҳӣ ва натиҷабардории фаъолият иборат мебошад.

Ҳангоми ташрифи садорати факултет таҷрибаомӯзон бо хонандагони синфи 10 бо истифода аз усулҳои Арт-терапия – усули регтерапия кори ислоҳӣ мегузарониданд, ки аз ҷониби масъулин хуш истиқбол гардида, баҳои баланд дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ