​“Навои ҷавонӣ-2023”: дарёфт ва рушди истеъдодҳо миёни донишҷӯён

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фестивал-озмуни умумидонишгоҳии “Навои ҷавонӣ-2023” баргузор мегардад. Дар ин бора фармоиши ректори донишгоҳ ба имзо расидааст.

Фестивал-озмуни мазкур давоми моҳи апрел ва майи соли 2023 дар як давр байни факултетҳои донишгоҳ баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, ки иштирокчиён аз рӯйи номинаҳои “Суруди хор”, “Навозиш”, “Суруди якка”, “Рақси якка”, “Бадеҳахонӣ”, “Хушдилон ва ҳозирҷавобон” ва “Сюитаи овозию рақсӣ” маҳоратсанҷӣ мекунанд.

Иқдоми мазкур дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз он дарёфт ва рушди истеъдод миёни донишҷӯён маҳсуб меёбад.

Маврид ба таъкид аст, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пайваста талош дорад, ки татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, дар ин самт аз тамоми имконият истифода ва иқдому тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд. Ташкили фестивал – озмуни “Навои ҷавонӣ” аз зумраи ҳамин ибтикор аст, ки ҳадаф аз он дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва лаёқатаманд унвон мешавад.

Дар назар аст, ки фестивал-озмуни “Навои ҷавонӣ-2023” дар арафаи таҷлил аз Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷамъбаст ва ғолибон бо ҷом ва диплом сарфароз мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ