Навиди хуш: Устодони донишгоҳ бо Ифтихорнома ва ҷоизаҳои вилоят қадр шуданд
Як қатор устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ қадр шуданд.
Аз ҷумла, Қаюмзода Абдумалик Қаюм-декани факултети физикаю техника, Абдухолиқзода Музаффар-декани факултети геоэкология ва туризм ва Юсуфова Фирӯза – дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии информатика бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардиданд.
Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар бахши адабиёт насиби дотсенти кафедраи адабиёти муосир, номзади илмҳои суханшиносӣ Мирсаидов Баҳром гардид.
Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати 33-юмин солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, дастовардҳои арзанда орзу намуд.
Таъкид гардид, ки дар сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадршиносӣ намудани хизматҳои фарзандони барўманд ва хизматнишондодаи Ватан, онҳое, ки бо меҳнати босубот ва фидокоронаашон дар бунёди ҷомеаи навини кишвар ва рушди соҳаҳои он саҳми назаррас гузоштаанд, ҷойгоҳи хоса дорад.
Хотиррасон менамоем, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар партави иқдоми созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлил аз Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ҳамасола
фаъолони соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии вилоятро барои хизматҳои шоиста ва дастовардҳои меҳнатӣ дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз мегардонад.
Маркази иттилоот ва таҳлил